Мавзуна Чориев, муштзани машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ бародарон Абдувалӣ ва Нурғозӣ Арзиевҳо дар Қирғизистон  медали тилло ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард.

 Ба иттилои манбаъ, инчунин дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Меҳроҷиддин Каримов, ки бо номи «Гулливери тоҷик» маъруф аст, дар сабқати мардон дар вазни беш аз 91 килограмм бо медали тилло сарфароз гашт.

Гуфта мешавад, ин мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ аз 28-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Ӯш баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Мардон дар 10 вазн ва занон дар 3 вазн рақобат карданд.