Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии ниманиҳоии мусобиқаи бонуфузи байнулмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар шаҳри Боку аз футболбозони навраси Туркия бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ, тӯби ягонаро футболбозони навраси турк дар дақиқаи 67-уми бозӣ ба ҳадаф расонидаанд. «Дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Собирҷон Гуляков корти сурх гирифта, аз майдон ронда шуд ва дар охири бозӣ як футболбози дастаи ҳариф низ аз майдон хориҷ карда шуд», - иттилоъ медиҳад ФФТ.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари ниманиҳоӣ футболбозони навраси Эрон бо ҳисоби 1 бар 0 бар тими мизбон – дастаи Озарбойҷон дастболо шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ, соати 16-30-и рӯзи 5-уми июн дар вохӯрӣ барои зинаи сеюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Озарбойҷон ва соати 20-00 дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Эрону Туркия бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.