Дар мусобиқми байнулмилалӣ оид ба варзиши сабуки «Даъвати Маскав» (Московский вызов) гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79.20 метр пирӯз шуд. Дар ин бора сомонаи www.rusathletics.com хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон низ ба силсилаи мусобиқоти маъруфи IAAF Hammer Throw World Challenge дохил мешавад. Дар ин мусобиқа 12 нафар гурзандозон қувваозмоӣ карда, рақобат асосан миёни варзишгари тоҷик ва гурзандози Белорус Павел Кривитский сурат гирифтааст. Дар маротибаи панҷуми партофтани гурз Дилшод Назаров ба ин нишондиҳанда ноил гардида, зинаи аввалро касб кардааст.

Гуфта мешавад, зинаи дуюмро дар мусобиқаи мазкур бо натиҷаи 78.22 Павел Кривитский ва мақоми сеюмро бо нишондиҳандаи 77.03 метр гурзандози рус Денис Лукянов ишғол кардааст.

Пас аз пирӯзӣ дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик изҳор намудааст, ки аз натиҷа қаноатманд буда, барои ноил гардидан ба он омода буд. Дар робита ба нақшаҳои минбаъдааш Дилшод Назаров зикр кардааст, ки бисёр мехоҳад дар Чемпионати Аврупо иштирок кунад.