Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев феълан барои иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо дар Фаронса омодагӣ мебинад ва дар сурати ғолибият, дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ширкат хоҳад кард.
Расул Боқиев дар суҳбат ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки агар дар мусобиқаи Фаронса пирӯзиро ба даст наорад, аз риштаи варзиш канор меравад.
Вай афзуд, ки феълан бо сафари 8-рӯза дар Тоҷикистон қарор дорад ва имрӯз бо даъвати бародарбузургаш Алишер Боқиев дар толори варзишии “Авитсена”-и ноҳияи Ҳисор ҳамчун мураббӣ барои ҷавонону наврасон як мастер-класс гузаронид. Дар он беш аз 70 нафар варзишгарони синнашон аз 4 то 35-сола иштирок карданд. Қаҳрамони ҷумҳурӣ дар риштаи дзюдо ва гуштини миллӣ Амонулло Азимов дар ин чорабинии омӯзишии варзишӣ ба ҳайси ёвари Расул Боқиев фаъолият дошт.
Алишер Боқиев дар робита ба вазъи кунунии бародараш гуфт, ки Расулро ба ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ягон сарпарасти дигар дастгирӣ накард. “Аз ҳамин сабаб бародарам ҳоло дар Русия аз ҳисоби худ барои Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 тайёрӣ дида истодааст”, - афзуд Алишер.
Марбут ба ин масъала худи Расул Боқиев чунин изҳор дошт: “Агар ягон сарпараст ба Тоҷикистон даъват кунад, ман ба Ватан бармегардам”.
Ӯ тасмим дорад, то сафари навбатияш ба Русия, дар чорабинии варзишии ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷавонону наврасон ва маросими ифтитоҳи толори варзишӣ дар маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе ширкат варзад.




Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста