Дар мусобиқаи силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (ИААФ) дар шаҳри Остраваи Чехия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 80.62 метр зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар ин бора сомонаи Федератсияи байнулмилалии варзиши сабук хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҷойи аввалро дар ин мусобиқа бо натиҷаи 81.57 метр варзишгари Маҷористон (Венгрия) Кристиан Марс ва зинаи сеюмро бо натиҷаи 79.65 метр гурзандоз аз Лаҳистон (Полша) Павел Файдек касб кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба варзиши сабуки «Даъвати Маскав» (Московский вызов) Дилшод Назаров бо натиҷаи 79.20 метр пирӯз шуд . Рекорди шахсии Дилшод Назаров 80.71 метр аст, ки соли 2013 дар Ҷопон ба қайд гирифта шудааст.