Дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ миёни наврасон, ки рӯзҳои 16-28-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин доир мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро 8 нафар варзишгарон дар 7 навъи мусобиқот намояндагӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр – соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ гардидаанд.
«Чор нафари дигар – Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар Олимпиадаи наврасон аз рӯи квота ё саҳмия ширкат хоҳанд кард», - иттлоъ медиҳад Кумитаи милли олимпии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ба ҷуз варзишгарон, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ 6 мураббӣ шомиланд: Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова(камонварӣ), Олег Набиев (тирандозӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ).
Дар иттилои Кумитаи ёдоварӣ мешавад, ки варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. «Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до ВТФ дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд», - омадааст дар хабари Кумита.
Поёни ҳукмронии оилаи Асад дар Сурия. Димишқ суқут кард, Башор Асад ба Маскав рафт
Варзишгарони тоҷик аз “Tokyo Grand Slam 2024” бо як медали биринҷӣ бармегарданд
Ихроҷи беш аз 40 нафар дар 2 рӯз. Комиссариати олии СММ аз Тоҷикистон хост, аз ихроҷи паноҳҷӯён ба Афғонистон худдорӣ кунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ғуломи танбал ва нома ба шоҳ"
Оё имзои худро дар Тоҷикистон тағйир додан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 9 декабри соли 2024
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста