Сардори шуъбаи байнулмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2014 миёни дастаҳои «Ал-Қудсия» (Кувайт) ва «Персипура Ҷаяпура» (Ҳиндустон) таъин карда шуд. Ин вохӯрӣ санаи 16-уми сентябр дар Эл-Кувайт баргузор мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар таърихи футболи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст аст, ки намояндаи кишвар ба ташкили вохӯрии футбол дар чунин сатҳи баланд ҷалб шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли равон Давлатманд Исломови 33-сола ҳамчунин дар вохӯриҳои футболи даври интихобии Ҷоми Осиё-2015, Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО ва ҳамчунин даври ниҳоии Ҷоми даъвати КФО-2014, ки моҳи май дар Малдив доир гардида буд, ба ҳайси комиссари бозӣ фаъолият намуд.
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
5 технологияи дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз $300 аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста