Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) нисбат ба моҳи гузашта 16 зина поин рафта, бо 213 имтиёз дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Ба даҳгонаи беҳтарини дастаҳои мунтахаби футболи ҷаҳон Олмон, Аргентина, Колумбия, Нидерланд, Белгия, Бразилия, Уругвай, Испания, Фаронса ва Швейтсария шомиланд.

Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё низ мунтахаби Тоҷикистон нисбат рейтинги гузашта ду зина поин рафта, акнун дар ҷойи 19-ум қарор дорад. Дар ин қора тими миллии Ҷопон пешсаф аст. Мунтахаби Ӯзбекистон дар ҷойи дувум ва тими миллии Кореяи Ҷанубӣ дар зинаи севум мебошанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.