Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Бекназаров пас аз вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Сингапур дар Бозиҳои Осиё дар Инчхони Кореяи ҷанубӣ, ки бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тоҷикистониён анҷом ёфта буд, аз ташхиси допинг нагузашта, Инчхонро тарк кард.
Дар Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» ин хабарро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ошкор гардидани маводи манъшуда дар бадани футболбоз ба бознигарии натиҷаи вохӯрӣ бо Сингапур боис нахоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, бозингари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулло Саидов ба иллати дарди кӯрруда дар Инчхон ҷарроҳӣ шуда, дигар имкон надорад, ки дар ҳайати дастаи мунтахаб бозӣ кунад.
Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII-уми осиёӣ дар Инчхони Кореяи Ҷанубӣ бар дастаҳои мунтахаби Сингапур ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 1 бар 0 ғолиб омада, ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфт.
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста