Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон аз ширкат дар сабқати даставии Бозиҳои XVII осиёӣ даст кашид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) – барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд, вале ноком шуданд. Дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд.
Чор паҳлавони дигари тоҷик - Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Қобили зикр аст, дастаи Тоҷикистон бештар аз дзюдочиён ба даст овардани медалҳоро интизорӣ дошт.
Дар ин бозиҳо, ки намояндагони Тоҷикистон дар 16 навъи варзиш рақобат мекунанд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ дастоварде ноил нагардид.
Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин дар муддати чор рӯзи мусобиқот ҳамагӣ 82 медал – 40 тилло, 22 нуқра ва 20 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 59 медал - 19 нишони тилло, 19 нуқра ва 21 биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 60 медал -16 нишони тилло, 22 нуқра ва 22 биринҷӣ дар мақоми севуманд.
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста