Аз 15 то 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе тибқи барномаи ҳамраъйии олимпӣ давраҳои омӯзишии байнулмилалӣ барои мураббиёни футбол доир мегардад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, машғулиятҳоро дар ин давраи омӯзишӣ қаблан футболбози машҳури замони шӯравӣ, футболбози беҳтарин дар таърихи футболи Белорус, дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо (соли 1988) дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ нимҳимоятгари дастаҳои «Динамо»-и Минск ва «Ювентус»-и Италия Сергей Алейников баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, Сергей Алейников дар як қатор дастаҳои фтуболи Италия ба ҳайси мураббӣ низ фаъолият кардааст.
Қобили зикр аст, ки Сергей Алейников дар дастаҳои «Динамо» Минск (солҳои 1981 - 1989), «Ювентус» Турин, Италия (1989 - 1990), «Лечче», Италия (1990 - 1993), «Гамба Осака», Япония (1993 - 1995), «Оддеволде», Шветсия (1996), «Корильяно», Италия (1997) ҳунарнамоӣ кардааст.
Дар мусобиқоти Чемпионатҳои Аврупо (солҳои 1988 ва 1992), Чемпионати ҷаҳон (солҳои 1986 ва 1990) низ ширкат варзида, аз рӯи назарсанҷӣ ба муносибати 50-солагии Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) беҳтарин футболбози Белорус дар тӯли 50 сол эътироф гардидааст.
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста