Аз 16 то 18-уми октябр дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд мусобиқаи дуюм оид ба дзюдо дар таърихи ин кишвар аз силсилаи Гран-при доир мегардад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо ҳамасола дар 10 кишвари саросари дунё гузаронида мешаванд. Тошканд ҳуқуқи баргузории онро ба муддати 4 сол, яъне то соли 2016 касб намудааст.

Гуфта мешавад, маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқоти мазкур имрӯз дар маҷмаии варзишии «Ӯзбекистон доир гардида, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 10 нафар варзишгарон дар шаш вазн (ба ҷуз вазни 60 кило) миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Вазни 66 кг

Беҳрӯзи Хоҷазода (Тоҷикистон) – Улуғбек Норқобилов (Ӯзбекистон)

Расул Абдушарифов (Тоҷикистон) – Анзаур Арданов (Русия)

Вазни  73 кг

Саидмухтор Расулов (Тоҷикистон) – Ҳасан Ванлиоғлу (Туркия)

Вазни 81 кг

Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) – Муҳаммад Абделаал (Миср)

Комрон Карликов (Тоҷикистон) – Элдар Зарифхонов (Қазоқистон)

Вазни 90 кг

Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон) –ғолиби ҷуфти Туркия-Булғористон

Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон) – Эркин Дониёров (Ӯзбекистон)

Вазни 100 кг

Неъматулло Асронқулов (Тоҷикистон) – Адлан Бисултонов (Русия)

Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон) – Соиб Қурбонов (Ӯзбекистон)

Вазни +100 кг

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон) – Абдулло Тангриев (Ӯзбекистон).