Се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - рӯзи 21-уми ноябр дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин аз медалҳо бенасиб монданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Маркус Найман (Шветсия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Саидҷалол Саидов, ки  дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Юн Занг (Чин) пирӯз шуд, дар даври баъдӣ аз Димитри Петерс (Олмон) мағлуб гардид. Баъдан Саидҷалол дар мубориза барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Рёсуке Такаҳашӣ аз Ҷопон бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.  

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввалаз  Роберт Зиммерманн (Олмон) шикаст хӯрд ва бе медал монд.