Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Ҷопон ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд).
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ», дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳо 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, нахуст паҳлавони маъруфи тоҷикАкмалиддин Каримов рӯзи 22-юми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард.
Гуфта мешавад, дар ин вазн Вахтанги Чидрашвили (Гурҷистон) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Аймерген Аткунов(Русия) барои ҷойи дувум медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Масанори Араки (Ҷопон), ки мақоми севумро соҳиб гашт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи охирини мусобиқа – 23-юми ноябр – паҳлавони дигари тоҷикХушқадам Хусравов дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.
Акс аз радиои «Озодӣ».
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста