Пас аз дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ғолиб омадан дар мусобиқиаи Лигаи олии футболи мамлакат, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таҳти сарварии сармураббӣ Мубин Эргашев рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2014 бар дастаи «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 5 бар 2 дастболо шуда, ба ин ҷоиза низ шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, қаҳрамони ин бозӣ капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восисев маҳсуб меёбад, ки ба дарвозаи ҳариф 3 тӯб равона кард ва бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ эътироф гардид.

Даастаи «Истиқлол» дар таърихи худ бори чаҳорум аст, ки пайдарҳам ду сол ба Ҷоми миллии футболи Тоҷикистон соҳиб мешавад. Ҳамин тариқ, дар мавсими имсола дастаи «Истиқлол» тамоми ҷоизаҳои имконпазири мусобиқаҳоро ба даст оварда, соли ҷорӣ Тоҷикистонро дар мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2014 намояндагӣ мекунад.

Баъди анҷоми вохӯрӣ раиси Куммтаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Рустам Абдуллозода ғолибони Ҷоми футбол – бозигарону ҳайати раҳбарии дастаи «Истиқлол»-ро бо мукофоту ҷойизаҳо сарфароз гардонид.