Дар Хонаи футболи Русия рӯзи 18-уми декабр маросими қуръакашии мусобиқаи байнулмилалии футболи Ҷоми Иттиҳод доир гардид, ки дар натиҷаи он дастаҳо ба се гурӯҳ ҷудо шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон ба гурӯҳи «С» шомил гардида, бо дастаҳои Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат мекунад. Мусобиқа ба иштироки 12 даста аз 16 то 25-уми январи соли 2015 дар майдони варзишии «Петурбургский»-и шаҳри Санкт-Петербург сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз дастаҳои мунтахаби ҷавонони футболи собиқ кишварҳои пасошӯравӣ, бори нахуст дар ин мусобиқа дастаҳои ҷавонони Финландия ва Африқои Ҷанубӣ низ ширкат меварзанд. Ғолиби мусобиқаи соли гузашта – дастаи Украина дар мусобиқа иштирок намекунад.

Натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми Иттиҳод – 2015:

Гурӯҳи «А»: Белорус, Туркманистон, Эстония, Финландия.

Гурӯҳи «В»: Молдова, Қирғизистон, Русия, Латвия.

Гурӯҳи «С»: Африқои Ҷанубӣ, Литва, Тоҷикистон, Қазоқистон.