Дар ҷаласаи рӯзи 20-уми декабр дар Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон варзишгарони риштаи варзиши кишвар натиҷаҳои соли 2014-ро ҷамъбаст намуданд.

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш дабири кулли Кумита Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ, ҷараёни омодагирии варзигарон ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016 маълумот дод.

Ба гуфтаи Раҷабалиев, дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр барпо гардидааст, рӯйхати 15 варзишгари беҳтарин барои гирифтани стипендия ё идрорпулии олимпӣ тасдиқ шудааст.

«Ба ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Залимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд», - гуфтааст Б.Раҷабалиев.