Дар арафаи соли нави мелодӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қарор кард, ки ба ҳаводорону мухлисони футбол тӯҳфаи арзандае тақдим созад.

Бино ба иттилои ФФТ, бо ин мақсад, дизайни торнамоии расмӣ -  www.fft.tj  навоварӣ шуда, дар он фасли нав бо забони тоҷикӣ илова шуд.

«Дизайни нави торнамои ФФТ, новобаста аз он ки истифодакунанда хонандаи доимист ва ё бори аввал торнаморо варақ мезанад, хеле оддӣ ва мувофиқу роҳат аст. Мухлисон метавонанд, ахбори барояшон лозимаро, саривақт ва бе душворӣ аз торнамои расмии ФФТ пайдо кунанд», - омадааст дар иттилои ФФТ.

Гуфта мешавад, дар арафаи соли нав роҳандозӣ шудани сайти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ин ид вежагиҳои худро дорад ва ҳар яки мо умед дорем, ки соли нав беҳтару комёбтар аз пешин бошад.

Зимнан зикр мегардад, ки суроғаи сайти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон дигар нашудаст:  www.fft.tj .

Ёдовар мешавем, ки сайти ФФТ соли 2012 роҳандозӣ шуда, то имрӯз танҳо бо забони русӣ фаъолият дошт.