Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар кори Конгресси Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки санаи 9-уми январ дар шаҳри Мелбурни Австралия доир мегардад, ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар ин Конгресс ФФТ-ро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзоев, котиби генералӣ Ислом Маҳмадшоев ва ҳамчунин ноиби аввали президенти Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Акдодов намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи Ҷоми Осиё-2015 ва вохӯрии нахуст миёни дастаҳои Австралия ва Кувейт, ки рӯзи 9-уми январ дар варзишгоҳи Мелбурн баргузор мешавад, низ даъват шудаанд.