Дарвозабони мунтахаби миллии футболи Қирғизистон Валерий Кашуба имкон дорад, карераи бозигарии худро дар «Хуҷанд»-и Хуҷанд идома диҳад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футоли Тоҷикистон (ФФТ), дарвозабони 30-солаи қирғизистонӣ, ки мавсими соли гузаштаи футбол дар «Алай»-и вилояти Оши Қирғизистон бозӣ мекард, омодагии пешазмавсимии худро дар ҳайати «Хуҷанд»-и Хуҷанд мегузаронад.
Сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов юа ФФТ дар ин робита иттилоъ додааст, ки агар марҳилаи азназаргузариро дарвозабони мунтахаби миллии Қирғизистон бомуваффақият сипарӣ намояд, он гоҳ бо ӯ шартнома баста мешавад.
Кашуба қаблан дар дастаҳои «Дордой», СКА-ПВО, «Абдиш-Ата» ва «Олға»-и Қирғизистон бозӣ кардааст. Дар мавсими футболи солҳои 2011-2012 бошад, Кашуба дар ҳайати «Ак-Булак»-и Қазокистон, ки дар лигаи якуми ин кишвар баромад мекунад, бозӣ мекард. Кашуба дар ҳайати мунтахаби миллии Қирғизистон дар 11 бозӣ иштирок намудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Департамаенти баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Қирғизистон КанатАсенов дар мусоҳибааш бо торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳор намудааст, ки дастаи «Хуҷанд» соҳиби дарвозабони касбӣ ва боэътимод мешавад.
«Валера маҳорати баланди дарвозабонӣ дорад. Вай ҳангоми партофтҳои заминӣ ва тобхӯрӣ, инчунин дар пешбаромаданҳо низ хеле моҳирона бозӣ мекунад. Новобаста аз қадаш, ки он қадар баланд нест, ҷаҳиши хуб дорад. Соли гузашта, маҳз бо хизматҳои шоистаи вай, дастаи «Алай» дар зарбаҳои пеналтии баъди бозӣ бо клуби футболи Фаластин ғолиб шуда, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО роҳ ёфт. Ба ғайр аз ин, Валера таҷрубаи бозигариро дар Қазоқистон низ дорад, ки фикр мекунам дар Тоҷикистон ин таҷруба ба ӯ лозим мешавад. Берун аз майдон Кашуба бисёр одами маданӣ ва хушмуомила аст», - гуфтааст номбурда.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста