Бозии аввалии чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқро ҳайати доварони ӯзбекистонӣ бо сардории рефери ФИФА Илгиз Танташев ҳакамӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ёварони довари 30-солаи ӯзбекистонӣ, ҳамватанони ӯ Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола мебошанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери ФИФА Шерзод Қосимови 26-сола бар ӯҳда дорад. Доварони ин бозиро Виктор Колпаков аз Қирғизистон назорат мекунад. Комиссари бозӣ Тох Сен Ни аз Малайзия мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015, дар чоргонаи «С», байни чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и пойтахт ва «Эрбил»-и Ироқ, ки финалисти порсолаи сабқати мазкур мебошад, рӯзи 25 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 14.00 баргузор мешавад.