Сардори шуъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов комиссари бозии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 таъин шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, Давлатманд Исломов ба сифати комиссар бозии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои КФО-2015 байни дастаҳои «Ал-Аҳлӣ»-и Арабистони Саудӣ ва ғолиби ҷуфти «Ал-Қадсия» (Қувайт) – «Ал-Веҳдат» (Урдун)-ро хизматрасонӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин бозӣ рӯзи 17-уми феврал дар Ҷидда баргузор шуда, бозиро ҳайати доварон аз Баҳрайн бо сардории Наваф Абдулла Шукрулло ҳакамӣ мекунанд. Наваф Абдулла Шукрулло бозиҳои марҳилаи ниҳои Ҷоми ҷаҳон-2014-ро дар Бразилия доварӣ кардааст. Ӯро доварони канорӣ ҳамватанонаш Ясер Халил Иброҳим Абдулло Тулефат ва Иброҳим Муборак Сабт кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Абдулазиз Юсуф Аҳмад Абдуло мебошад. Ҳайати доваронро Алӣ Муҳаммад Буҷсаим аз Амороти Муттаҳидаи Араб назорат мекунад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста