Духтурони мунтахабҳои Тоҷикистон Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, мавзӯҳои асосии ин конфронси серӯза ташхис ва табобати ҷароҳат ва касалиҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ, инчунин ҳолатҳои аз задан ист кардани дили футболбозон мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар конфронси тиббии КФО, ки дар меҳмонхонаи «Jw Marriott New Delhi Aerocity» баргузор мешавад, садҳо нафар намояндагони кишварҳои Осиё ширкат хоҳанд варзид.