Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ дар Маккаи Арабистони Саудӣ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо истиноба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик -   Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзида, Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. 

Аз Федератсияи дзюдо ҳамчунин хабар додаанд, ки паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаров дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус дар шаҳри Могилёв дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ сарфароз гардидааст.