Ду варзишгари тоҷик дар мусобиқаи Марҳилаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо «Чемпионати кушоди Беларус барои дарёфти ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Беларус» ба дастовард ноил гардиданд.

Ин мусобиқаи Марҳилаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои ҳарбӣ ва варзишӣ  рӯзи 11 феврал дар шаҳри Минск оғоз гардида, имрӯз ба итмом мерасад.

Варзишгарони тоҷик Хушқадам Хусравов (вазни 62 кг) дар мусобиқаи самбои варзишӣ ба дарёфти медали нуқра ва Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқаи анъанавӣ дар Белорус маротибаи 19-ум аст, ки дар шаҳри Минск баргузор мешавад ва дар мусобиқаи кунунӣ самбочиён аз 12 кишвари дунё қувваозмоӣ мекунанд.