Лижаронҳо ва сноубордистони тоҷик бори нахуст имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаи оммавии Red Bull TakobRun, ки рӯзҳои истироҳати гузашта дар машқгоҳи лижаронии «Такоб»-и ноҳияи Варзоб доир гардид, ширкат варзанд.

Сарфи назар аз синнусол ва таҷриба ва ҳамчунин обуҳавои номусоиду пайраҳаҳои мушкил, ҳамаи хоҳишмандон дар мусобиқа иштирок карданд.

Миёни мардон Шамсулло Зокиров ва Фарҳод Калонов ва миёни занон Сано Калонова ва Юлия Жукова ғолибони мусобиқаи оммавии Red Bull TakobRun дониста шуда, директори қароргоҳи лижаронӣ Зиннатулло Саидов ба ғолибон ҷом ва туҳфаҳои арзишманд тақдим кард.