Самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо «Мемориали Анатолий Харлампиев» дар шаҳри Маскав пирӯзӣ ба даст овард. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 62 кило ӯ бар варзишгари қазоқ Йессет Куанов дастболо шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 300 нафар самбочиён аз 35 кишварҳои дунё, аз қабили Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, Олмон, Юнон, Гурҷистон, Ирландия, Испания, Ҳиндустон, Италия, Исроил, Латвии, Молдова, Русия, Руминия, Сербия, Туркия, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Корея, Ҷопон, Тоҷикистон, Туркманистон, ИМА, Тунис ва ғайра ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки соли 1983 ин мусобиқа дараҷаи «А»-ро касб намуд, яъне барои ғалаба ба варзишгарон унвони устоди варзиши сатҳи байнулмилалӣ дода мешавад.

Хушқадам Хусравов соли 2014 унвони қаҳрамони Осиё ва медали нуқраи мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба самборо ба даст овард.