Дар бозии аввали марҳилаи дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон 2018 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрд.

Бозӣ шоми 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 17 ҳазор нафар мухлисон доир гардида, тӯби ягонаро аз дастаи Тоҷикистон ҳамлагари тими «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

Се голи тими миллии Урдунро ҳамлагари меҳмонон Ҳасан Абдулфаттоҳ ба дарвозаи Тоҷикистон ворид намуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатӣ дар ин марҳиларо рӯзи 16 июн дар меҳмонӣ бо дастаи Бангладеш доир мекунад.