Дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи 3.4 (Осиёи Марказӣ), ки бори нахуст дар Тоҷикистон доир гардид, шоҳмотбозони Қазоқистон Ренат Жумабоев (8 имтиёз) миёни мардон ва Динора Садуакассова (6,5 имтиёз) дар байни занон пирӯз шуданд.

Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳхат дарёфт намуда, миёни мардон зинаи дуюмро шоҳмотбози Туркманистон Юсуф Отабоев ишғол намуд ва ӯ низ роҳхати дуюм ба Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа аз 3 то 12 июн доир гардида, дар он аз панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ 46 нафар шоҳмотбозон ширкат варзиданд. Фонди умумии мукофотпулии мусобиқа 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Миёни намояндагони Тоҷикистон беҳтаринҳо Алишер Каримов ва Ҷамшед Исоев буданд, ки ҳар кадоме 5 имтиёзӣ касб карданд.