Сардори шуъбаи умури байнулмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Давлатманд Исломов дар арсаи байнулмилалии футбол таъиноти нав гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, Исломови 34-сола дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Эрон ба ҳайси комиссар фаъолият хоҳад кард. Ин бози имрӯз, 16 июн дар варзишгоҳи «Спорт Топлуми»-и шаҳри Дашогузи Туркманистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, довари ФИФА Абдулҳусайн Муҳаммад Ҷамил Ҷумъа аз Баҳрайн довари асосии ин бозӣ таъин карда шудааст.