Сармураббии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз мақомаш даст кашид.

Сармураббӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ин робита гуфтааст, пас аз вохӯрӣ бо президенти дастаи «Равшан» Музаффар Исҳоқов ҷонибҳо оид ба пеш аз муҳлат қатъ кардани қарордод ба мувофиқа расидаанд.

Дастаи «Равшан»-ро тарк кардани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки аз нимаи моҳи феврал ба иҷрои ин вазифа шурӯъ намуда буд, нахустин истеъфои сармураббӣ дар мусобиқаи мавсими имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон аст.

Таҳти роҳбарии ӯ дар даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Равшан» 9 вохӯрӣ гузаронида, ба 4 ғалаба ноил гардид ва 2 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар 3 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Тибқи натиҷаҳои даври аввали мусобиқот «Равшан» бо касби 14 имтиёз мақоми панҷуми ҷадвалро ишғол намуда, аз дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар зинаи сеюми ҷадвал аст, ҳамагӣ ду имтиёз камтар дорад.