Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарон - иди дӯстдорони варзиш, иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим таҷлил мегардад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамаи варзишгаронро бо ин ҷашн муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ, пирӯзӣ ва барори кор орзу мекунад.

«Роҳхати гурзандоз Дилшод Назаров ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бузургтарин дастовези варзишгарони тоҷик ба иди касбиашон аст», - омадааст дар хабари Кумита ба ин муносибат.

Гуфта мешавад, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш бахшида ба иди касбиашон баргузор мешавад.