Рӯзи 15 сентябр дар Ашқобод иҷлосияи 34-уми Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё - мақоми олии раҳбарии ин Шӯро ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласае, ки дар шаҳраки олимпии шаҳри Ашқобод ҷараён дорад, намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиё ва Океания, роҳбарони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё иштирок доранд. Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин баргузории ҷаласаҳои Кумитаҳои иҷроия ва молияи Шӯрои олимпии Осиё низ дар назар аст.
Иҷлосия таҳти раёсати роҳбари Шӯрои олимпии Осиё шайх Аҳмад ас-Саат-Сабоҳ мегузарад ва дар кори он президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов иштирок кард.
Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дабири кулии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Баҳрулло Раҷабалиев намояндагӣ мекунад.
Дар маросими ифтитоҳи иҷлосия президенти Туркманистон, намояндаи Кумитаи олимпии Кореяи Шимолӣ ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ордени Кумитаи олимпии Осиё мукофотонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки қаблан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ бо чунин орден қадрдонӣ шуда буд. Баҳрулло Раҷабалиев шаҳрванди дуюми Тоҷикистон аст, ки ба гирифтани ордени Кумитаи олимпии Осиё шарафёб гардид.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста