Довари 41-солаи эронӣ Муҳсин Туркӣ сардовари бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Конфедератсия футболи Осиё-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) таъин шуд. Ин бозӣ рӯзи 30 сентябр дар Эл-Кувайт доир мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Сайид Алинаҳзуддин ёварони сардовар ва Бунёдифард Моуд довари эҳтиётӣ таъин шудаанд.

Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба ҳайси нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур ба сифати комиссари ин бозӣ ифои вазифа мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи КФО-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) рӯзи 30 сентябр дар Эл-Кувайт соати 19-20 ба вақти маҳаллӣ (21-20 ба вақти Душанбе) оғоз гардида, бозии ҷавобӣ санаи 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе (оғоз соати 17-00) баргузор мешавад.