Дар бозии даври аввали нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015, ки рӯзи 22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби калони 7 бар 0 дастаи «Равшан»-и Кӯлобро мағлуб кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, қисми аввали ин вохӯрӣ бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфта, дар қисми дуюм ба футболбозони «Истиқлол» муяссар гардид, ки бо 3 тӯби дигарро ба дарвозаи ҳариф ворид созанд.

Гуфта мешавад, футболбозони «Истиқлол» дар бозии аввал бартарияти хеле хуб ба даст оварда, бозии ҷавобӣ рӯзи 25 сентябр дар дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бозии дигари даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАЗ» мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта, бозии ҷавобии ин дастаҳо санаи 1 октябр дар шаҳри Турсунзода доир мегардад.