Дар даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз бозии ин давр дастаи КМВА «Помир» бо касби 20 имтиёз дар зинаи 6-уми ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, аз дастаи «Регар-ТадАЗ» (шаҳри Турсунзода) се имтиёз камтар дорад. Қоибили зикр аст, ки дастаи «Регар-ТадАЗ» як бозӣ камтар гузаронидааст.
Як рӯз пештар, санаи 26 сентябр ду бозии даври чордаҳуми чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд. Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ “Барқи тоҷик”-и Душанберо қабул карда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Дар дербии суғдӣ миёни “Далерон-Уротеппа-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи хуҷандиҳо ғалаба ба даст овард.
Ёдрас мекунем, ки боз ду бозии дигари даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) ва «Регар-ТадАЗ» - «Вахш» (Қурғонтеппа) ба вақти дигар мавқуф гузошта шуданд.
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
UFC: Пирӯзии Муин Ғафуров бар размикори ҷопонӣ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи Маҷнун ба хурдагирон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста