Шоми рӯзи 8 октябр бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол-2018 (Осиё) дар гурӯҳи "Б" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Бишкек бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар оғози бозӣ футболбозони қирғиз ҳисобро кушода, дар дақиқаи 62-юми қисми дуюми бозӣ Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 71-ум тоҷикистониён боз як тӯб зада ба ғалаба наздик буданд, вале дар дақиқаи 5-уми иловашуда футболбозони қирғиз ҳисобро бо зарбаи 11-метра баробар карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи «Б» Урдун дар майдони худ тими Австралияро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб намуда, бо 10 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвал қарор гирифт ва дастаи Австралия бо 9 хол ба зинаи 2-юм поин фаромад. Дасти Қирғизистон бо 5 хол, дар зинаи сеюм, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар мақоми 4-ум ва Бангладеш бо 1 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.
Бозии навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин гурӯҳ рӯзи 13 октябр бо дастаи Урдун баргузор мешавад.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста