Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар силсилдаи зарбҳои 11-метра дастболо шуда, бори панҷум ба ин ҷоиза шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вақти асосии бозии финалӣ ҳисоб кушода нашуда, қисмҳои иловагӣ мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфтаанд ва дар силсилаи зарбаҳои 11-метра душанбегиҳо бо ҳисоби 6 бар 5 ғолиб омадаанд.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистн-2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 3500 нафар мухлисон доир гардид. Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Нуриддин Давронов бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ дониста шуд.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон АҳтамАбдуллозода ба капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015-ро тақдим намуд.