Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамешагӣ аз машғул шудан ба фаъолияти доварӣ дар бозиҳои футбол маҳрум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии AFC, Парвиз Муртазоев барои даст доштан дар дахолат бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои то 19-солаи Тоҷикистон ва Малдив, ки санаи 6 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, гунаҳкор дониста шудааст.

П.Муртазоев дар ин вохӯрӣ ба ҳайси ҳамоҳангсоз фаъолият намуда, кӯшиш кардааст, ки бо сардовари бозӣ забон як карда, ӯро ба иҷрои мақсади худ водор созад, вале сардовар розӣ нашуда, аз ин хусус мақомоти дахлдорро огоҳ кардааст. Қаблан П.Муртазоев аз ҷониби Кумитаи интизоми AFC муваққатан аз доварӣ дар бозиҳо барканор шуда буд.