Дар даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқа Лигаи олии футболи Тоҷикистон - дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ рӯзи 9 феврали соли оянда дар Фаластин доир гардида, дар сурати ғалаба дастаи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» қарор хоҳад гирифт.

Қобили зикр аст, ки қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол»-и Душанбе соли равон то даври финалии ин мусобиқа расида, дар мавсими нав бозиҳояшро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқа оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, маросими қуръапартоии мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 санаи 10 декабр дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.