Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 11-13 декабр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуд, ҳамагӣ 28 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа ҳудуди 300 варзишгар аз 13 кишвари қора – Афғонистон, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Тоҷикистон, Узбакистон ва ғайра ширкат доштанд.

Бино ба иттилои Кумтаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба Радои Озодӣ, Гуштигирони навраси тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ ҳашт медал медал ба даст оварданд. Масъуд Куканшоев (48 кг) ва Саиднабӣ Камолов (65 кг), ки ҷойҳои аввалро азони худ карданд, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Ду нафари дигар – Сайриддин Шоев (60 кг) ва Шарифҷон Назриев(87 кг) барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Се паҳлавони навраси тоҷик  - Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг) – барои ҷойҳои севум медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ин мусобиқа танҳо як варзишгари тоҷик - Далер Ниёзов  - дар сабқати самбои размӣ миёни мардон дар вазни то 90 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Константин Солдатов (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо, аз шаҳри Атирауи Қазоқистон шаби якшанбеи 13 декабр хабар дод.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа – 11-уми декабр - бузургсолон (мардону занон) рақобат карданд. Паҳлавонони тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон нӯҳ медал гирифтанд. Ҳафт нафари онҳо - Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) - ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Инчунин ду  гуштигири тоҷик - Ардашер Исмоилов (52 кг) бо медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати занон Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) ба мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра оварданд.

Рӯзи дувуми мусобиқа – 12-уми декабр - навҷавонону духтарон аз рӯи самбои варзишӣ, инчунин мардон оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82  ва +100 кг зӯрозмоӣ карданд.

Гуштигирони ҷавони тоҷик дар ҳамаи нӯҳ вазн медал ба даст оварданд. Унвони қаҳрамони Осиё ва медалҳои тилло насиби Мубориз Мунавваров (68 кг), Мирзошариф Исматов (74 кг), Суруш Каримов (82 кг) ва Саидмуъмин Шомаҳмадов (100 кг) гардид. Се нафари дигар – Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Ёқубҷон Раҳматов (62 кг) ва Рашид Зиёбеков (90 кг) – медалҳои нуқра гирифтанд. Ба ду паҳлавони ҷавони тоҷик  - Сорбон Латифов (57 кг) ва Салимбек Салимбеков (беш аз 100 кг) - медалҳои биринҷӣ супурда шуд. 

Бояд тазаккур дод, самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шудааст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО моҳи январи соли гузашта дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар пойтахти Филиппин – Манила - дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифта буд.