Барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди Қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, гуштини дзюдо, самбо ва таэквандо ИТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.  

Ин қадршиносии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мудом дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш як зумра санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро таҳия ва ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла, барои ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 таҳти рақами 328 «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 “Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015” таҳти рақами 328  ба имзо расидааст.

Татбиқи фармони мазкур ба боз ҳам беҳбуд бахшидани шароити созгори варзишгарон ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш такони ҷиддӣ бахшид.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат варзишгарони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконияти иштирок дар садҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.

Варзишгарони тоҷик танҳо дар давоми 5 соли охир дар арсаи байналмилалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ, ба даст овардаанд, ки бо шарофати онҳо борҳо парчами давлатӣ парафшон гардидааст.

Дар давоми соли 2015 варзишгарони тоҷик маҳорати олии варзиширо дар сатҳи байналмилалӣ нишон дода, 629 маротиба Парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд.