Ҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Аҳмедов қарордоди худ бо дастаи «Ал-Аҳлӣ»-и Баҳрайнро қатъ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, қарордод бо розигии тарафайн қатъ шудааст.

Футболбози тоҷик моҳи октябр бо дастаи «Ал-Аҳлӣ» барои бозӣ дар як мавсим дар ҳайати ин даста қарордод ба имзо расонида буд.

Акнун дар назар аст, ки Манучеҳр Аҳмедов ҳунарнамоии худро дар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд идома хоҳад дод, ки қаблан низ дар ин даста бозӣ мекард.