Дар бозии аввалини санҷишӣ дар мавсими нав дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», вохӯрӣ рӯзи 7 январ доир гардида, ҳисобро футболбозони «Истиқлол» кушодаанд, вале бартариро нигоҳ дошта натавониста, ба нокомӣ дучор шудаанд. Бозии дуюми санҷишии худро дастаи «Истиқлол» дар доираи тамринҳо дар Қайроққум бо дастаи «Хуҷанд» барпо мекунад.

Қобили зикр аст, ки тими мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод дар шаҳри Саннкт-Петербург омодагӣ мегирад.