Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 7 январ ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 5 мавқеъро аз даст дода, то зинаи 148-ум (рейтинги пешина - зинаи 143-юм) поин рафт.

Миёни кишварҳои минтақа Ӯзбекистон зинаи 73-юм, Қирғизистон - 107-ум, Туркманистон - 117-ум ва Қазоқистон мақоми 132-юмро касб кардаанд.

Дар рейтинг тими Белгия пешсаф буда, зинаҳои баъдиро Аргентина ва Испания ишғол намудаанд. Ба даҳгонаи дастаҳои беҳтарини футболи ҷаҳон ҳамчунин тимҳои миллии Олмон, Чили, Бразилия, Португалия, Колумбия, Англия ва Австрия низ шомиланд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2002 бо касби зинаи 168-ум ба қайд гирифта шудааст.