Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-22) рӯзи 21 январ дар даври сеюми мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Шаҳри Санкт-Петербург бо тими мунтахаби Латвия бозӣ карда, бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, акнун дастаи Тоҷикистон дар вохӯрӣ барои касби зинаи 7-ум бо тими Қазоқистон (23 январ соати 13-00 бо вақти Душанбе) қувваозмоӣ мекунад.

Дар вохӯрии финалии мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаи Русия бо ҳамсолони худ аз Молдова бозӣ мекунанд. Барои гирифтани медалҳои биринҷии мусобиқа дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Эстония рақобат мекунанд. Дар мусобиқа барои ишғоли зинаи панҷум тимҳои Латвия ва Беларус қувваозмоӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар ду вохӯрии аввадли марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаи Тоҷикистон аз тими Русия бо ҳисоби 1 бар 2 ва аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1 бар 4 шикаст хӯрда буд.