Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербург зинаи охирро ишғол намуд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи ҳафтум футболбозони тоҷик аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 2 бар 3 шикаст хӯрда, дар натиҷа зинаи ҳаштумро касб карданд. Зинаи 5-уми мусобиқаро футболбозони ҷавони Белорус ва зинаи 6-умро дастаи Латвия ишғол кард.

Ёдрас мекунем, ки дар се вохӯрии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаи Тоҷикистон аз тими Русия бо ҳисоби 1 бар 2, аз дастаи Эстония бо ҳисоби 1 бар 4 ва Латвиия 2 бар 3 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии финалии ин мусобиқа тими мунтахаби Русия дастаи Молдоваро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб карда, соҳиби Ҷоми Иттиҳод-2016 гардид. Ба медалҳои биринҷии мусобиқа дастаи Эстония шарафёб гардид, ки дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм бо тими Қирғизистон дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омад.