Дар маҷмааи вразишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 27 январ вохӯрии якуми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал - дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ мусовӣ - бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, имрӯз соати 18-00 вохӯрии дуюми дӯстонаи ин дастаҳо баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир гардида, футзалистони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.

Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбекистон.

Гурӯҳи «В»:   Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»:   Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.