Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия, бегоҳи рӯзи ҷумъаи 26-уми август ба Душанбе меояд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Дилшод Назаров рӯзи 22-юми август, "ман ҳамроҳи мураббиам Владимир Машко ва менеҷерам Кртен Либор, ки ҳарду шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех мебошанд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Франкфурт-Прага сафар мекунам. Рӯзи 24-уми август соати 13:15 ба Прага мерасем. Баъдан аз он ҷо ман бо хатсайри Прага-Маскав-Душанбе озими Тоҷикистон шуда, рӯзи 26-уми август соати 18:00 ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасам”.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бошад, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Сан-Паулу-Истамбул-Душанбе 27 август соати 03:35 ба Душанбе мерасад.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия 5 август шуруъ шуданд, 21 август ба охир расиданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. 

Баъди натиҷагирии шонздаҳ рӯзи мусобиқот дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадор мунтахаби ИМА бо 121 медал (46 тило, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард.

Британияи Кабир бо 67 медал (27 тило, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум шуд. Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор гирифт.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (18-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Италия (8-12-8) ва Австралия (8-11-10) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 87 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд.

Аз миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз ёздаҳ кишвар - Узбакистон (4 медали тилло, 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ – ҷойи 21-ум),Қазоқистон (3 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ – ҷойи 22-юм), Украина (2 медали тилло, 5 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 31-ум), Гурҷистон (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 38-ум), Озарбойҷон (1 медали тилло, 7 медали нуқра ва 10 биринҷӣ – ҷойи 39-ум), Беларус (1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали бириҷӣ – ҷойи 40-ум), Арманистон (1 медали тилло ва 3 медали нуқра – ҷойи 42-юм), Тоҷикистон (1 медали тилло – 54-ум), Литва (1 медали нуқра ва 3 биринҷӣ – ҷойи 64-ум), Молдова (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) ва  Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 78-ум) - ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштанд.

Дар Олимпиадаи Рио варзишгарони се кишвари собиқи шӯравӣ - Латвия, Қирғизистон ва Туркманистон - медал ба даст наоварданд.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд.

Ёдовар мешавем, дар рӯзи чордаҳуми Бозиҳо – 19 август - варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.

Дар ин дастоварди бузурги Дилшод саҳми мураббиаш Владимир Машко ва менеҷераш Кртен Либор, ҳарду шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех, хеле арзанда аст.

Шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг),Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко(давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.