Дар бозии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб омада, ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоӣ “Истиқлол” бо тими “Равшан”-и Кӯлоб рақобат мекунад. Дар даври чорякфиналии ин мусобиқа “Равшан” бар дастаи “Ваҳдат” (0:0, 2:0) дастболо шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар даври ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи “Ҳосилот”-и Фархор бо ғолиби ҷуфти “Хуҷанд” - “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунад. Бозии аввали дастаҳо, ки дар шаҳри Турсунзода доир гардид, бо пирӯзии соҳибони майдон - 3:1 анҷом ёфта, бозии ҷавобӣ санаи 27 сентябр баргузор мешавад.